"Рақобатҳои носолим..."
10-уми июни соли 2015 парлумони Тоҷикистон барои ширкати "Ҷунтай - Хатлон Синсилу" имтиёзоти молӣ ва гумрукӣ дод. Бино ба он, ширкати муштараки Тоҷикистону Чин аз воридоти таҷҳизот барои обёрии заминҳои вилояти Хатлон аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ имтиёзе дар ҳаҷми $1,1 миллион доллар ба даст овард. Умеди Давлатзод, собиқ муовини вазири рушди иқтисоду савдо дар парлумон гуфт, ки ин ширкати муштарак барои истифодаи 49-солаи 15 ҳазор гектар замини навоҳии Ҷилликӯл, Носири Хусрав, Шаҳритус ва Қубодиён 200 миллион доллар сармоя ворид карда, пахта кишт хоҳад кард. Расонаҳо ба як ҷумла аз ӯ инро низ нашр карданд, ки ширкати мазкур дар ноҳияи Данғара як корхонаи коркарди нахи пахтаро низ бунёд мекунад. Аммо кам касе ба ин маънӣ рафт, ки ин ширкат ҳолу ҳавои корхонаҳои коркарди пахта дар Хатлонро ба куллӣ тағйир хоҳад дод.
Муслиҳиддин Фазлиддинов мегӯяд, баробари вуруди "Ҷунтай - Хатлон Синсилу" ба майдони рақобати корхонаҳои пахтаи Кӯлоб, ки ҳудуди 15 ададро ташкил мекунанд, вазъ комилан тағйир хӯрд, зеро ин ширкат бар замми ин қадар имтиёзи давлатӣ, навтарин технология аз ширкатҳои ҷаҳоншумули Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Италия, Шветсария, Олмон ва худи Чинро низ дар ихтиёр дорад. Вай афзуд:
- Ин ширкат ба ҷуз пахтатозакунӣ, корхонаи ресандагӣ ва дар ҳама кунҷу канори минтақаи Кӯлоб нуқтаи хариди пахта дорад. Дуюм, як тонна пахтаро бо нархи 5 ҳазор сомонӣ мегирад, ки барои мо тамоман қобили қабул нест. Мо бояд як тонна пахтаро 4300 сомонӣ харем, то фоида бинем. Сеюм, аксари корхонаҳои дигар бо таҷҳизоти бозмонда аз замони шӯравӣ кор мекунанд, ки барқи зиёд мехӯранд, аммо таҷҳизоти "Ҷунтай" ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, кам барқ харҷ мекунанд. Чорум, мо фақат нахи соф тайёр мекунем, аммо Ҷунтай ришта мебарорад ва онро то 2 ҳазор доллар мефурӯшад. Ва ин ширкат чанд бартарии дигар дорад, ки ҳоло гуфтанашро зарур намедонам. Аммо барои ман дарки ин ҷолиб аст, ки оё мо - корхонаҳои ватанӣ ҳам метавонем имтиёз дошта бошем, ки кору рушд кунем?
Ҳамасола бархе аз корхонаҳои дохиливу хориҷӣ дар Тоҷикистон имтиёзу суҳулатҳое аз ҳукумат ба даст меоранд, ки ба як фаъолияти озоди онҳо шароит фароҳам мекунад, аммо аксари корхонаҳо на фақат ин бартариҳоро надоранд, балки ба ҳар боб мавриди фишорҳои арбоб мешаванд. Муслиҳиддин Фазлиддинов мегӯяд, як тарҳеро ба Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ пешниҳод карда буданд, аммо қабул нашуд, ҳамчунин муроҷиатҳои онҳо ба бонкҳои "Эсхата" ва "Амонатбонк" дар мавриди ба даст овардани қарзҳои имтиёзнок натиҷа надоданд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти зидахл барои гирифтани қарзҳо аз андозу бонк тамоми фишорро сари ширкат ворид карданд, аммо муроҷиатҳои эшон барои ситонидани қарзҳои ширкат аз қарздоронаш чандон алоқае нишон надоданду намедиҳанд.
Раҳмоналӣ Шарипов, роҳбари кооперативи истеҳсолии "Файзи диёр" низ мегӯяд, ба як тарҳи ӯ барои сармоягузории фермаи ширу гӯшт аз соли 2001, ки дар ҳамдастӣ бо мутахассисони Вазорати кишоварзӣ омода шуда буд ва ҳам муроҷиатҳои такрории ӯ дар солҳои 2004 ба баъд дар Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ касе посухи рад ё мусбат надод. Вай афзуд, хилофи интизор соли 2015, пас аз ду соли фаъолияти корхонаи шираш, ба рақобатҳои носолим дучор омад, ки аслан дар гӯшаи хаёлу гумонҳои ӯ набуданду барои ҷилавгирӣ аз онҳо омодагӣ ҳам надошт. Вай афзуд:
- Вақте ба мағозаву супермаркетҳои Хуҷанд мерафтам, медидам, ки маҳсулоти мо на дар ғурфаҳои шишаӣ, балки таги онҳо, рӯи миз неву таги миз гузошта шудаанд. Дар фурӯш набуданд. Пурсидам, ки чаро намондед? Гуфтанд: "Супориш шудагӣ!". Намегӯянд, ки аз куҷо? Дуюм, маҳсулоти маро аз яхдон берун мемонданд. Маҳсулоти ширӣ, ки тез турш мешавад! Сеюм, дӯконҳо аз мо талаб карданд, ки яхдони худамонро биёрем. Ман дар ҳайрат афтодам, ки чӣ тур мешавад барои 234 дӯкон яхдон харам? Дӯкон худ бояд ғуфраҳои яхдонии шишаӣ дошта бошад. Аммо маълум буд, ки онҳо дастур гирифта буданд. Чорум, тез - тез барқро хомӯш мекарданд. Агар шир нимҷӯш монад, зуд хароб мешавад. Зимнан, пас аз баста шудани корхонаи мо мушкили барқ аз миён рафт.
Раҳмоналӣ Шарипов аз ин гуна бозиҳои пасипардаӣ чунин рамз гирифт, ки агар бо "арбоб" ба ҳам наояд, дер кор нахоҳад кард. Ӯ ба рақибони худ пешниҳод фиристод, ки дар Мастчоҳ ҳамроҳ кор кунанд, аммо онҳо қабул накарданд. Вай мегӯяд:
- Ман ба ин хулоса омадам, ки ҳадафи аслӣ бузургтар аст - дар Мастчоҳ набояд корхонаи коркарди шир бошад! Вагарна ин чӣ мантиқ дорад, ки аз 70 километр рафта шир биёранд? Шояд ин иштибоҳи мо ҳам буд, ки қимати як литр ширро ба хотири рифоҳи мардум 1,5 сомонӣ кардем, ҳарчанд ширкатҳо ҳатто онро 1 сомонӣ мегирифтанд. Аммо ин сирф рақобати манфиатҳост ва решаи сиёсӣ надорад.
Аз ин қабил мушкилоти корхонаҳои Тоҷикистон то ба ҳол касе таърифи дуруст надодааст. Як падидаи инфиродӣ нест, балки саросарист. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори улуми иқтисод, мегӯяд, ин ҳама нишонаи он аст, ки иқтисоди Тоҷикистон аз ҷодаи иқтисоди бозорӣ берун рафта, ба як нокуҷо меравад. Вай афзуд:
- Ҳукумат хуб мекунад, ки барои ширкатҳо имтиёз медиҳад, то онҳо беҳтарин технологияҳоро ворид кунанд, аммо имтиёзҳо бояд ба ҳадде бошанд, ки манфиатҳои дигар корхонаҳо поймол нашаванд. Як корхона агар технологияи ҷадид ворид мекунад, то корашро беҳбуд бахшад, хуб аст, зеро дигаронро ба ин таҳрик медиҳад, ки қафо намонанд, беҳтар шаванд. Аммо ҳеҷ яке набояд пеши ҳукумат авлавият дошта бошад, ки мутаассифона, чунин ҳолатҳо ба назар мерасанд. "Худӣ"-ву "бегона" набояд бошад. Рақобатро дар иқтисод бояд ҳифз кард, дар акси ҳол, ширкатҳои инҳисорӣ ба миён меоянд, ки хатарҳои сиёсӣ дар пай хоҳанд дошт. Фишорҳои ошкору пинҳон ба корхонаҳо чӣ аз сӯи рақибон ва чӣ мақомоти зидахл ҷуз ҷинояти иқтисодӣ чизи дигаре нест. Онҳоро бояд ба суд кашид.
Муслиҳиддин Фазлиддинов муроҷиат ба ҳама гуна марҷаъи расмиро як кори беҳуда меҳисобад, зеро ба тамоми мақомоти марбут ва ҳам судҳо сарукор дошт, аммо ба чизе даст наёфт. Ба қавли ӯ, ҳукумати маҳаллӣ аз оғоз то анҷом ба корҳои "Самар" халал мерасонд. Раҳмоналӣ Шарипов мегӯяд, ба шуъбаи зиддиинҳисори ҳукумати вилояти Суғд муроҷиат намуд, аммо касе ба додаш нарасид, аз ин сабаб, фикри судро ҳам накард, чун барбод додани вақти гаронбаҳо аст.